Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрӯзем, – Лоик Шерали

Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрӯзем,
Биё, бо ҳам биёмезему дунёро биёмӯзем.
Биё, бо ҳам биёғозем, то бе ҳам наанҷомем,
Биё, бо ҳам бинозему биё дар сӯги ҳам сӯзем.
Ало, эй гулбуни танҳо, ки бехешастӣ дар саҳро,
Биё, то чеҳра бинмоем, мо ҳам оламафрӯзем.
Ҳамин танҳо на симу зар бувад ганҷе, ки меҷӯем,
Биё, роҳе ба дил ҷӯему ганҷи миллат андӯзем.
Ту дар худ дар ғами хешӣ, ман ин ҷо дар ғами хешам,
Ту он ҷо кинатӯзи мову мо ҳам бо ту кинтӯзем.
Ало, он ки маҳалбозӣ, дағалбозӣ, мағалбозӣ,
Биё, то пора-пора ин яханҳоро ба ҳам дӯзем.
Агар мо мардумомезем, мардум низ бо моянд,
Чаро ин нукта напзирӣ, ки мо ҳамрозу ҳамрӯзем?!
16.01.1998
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *