Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд, – Лоик Шерали

Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд,
Халқи ҷаҳон зи бахти мо масрур мешуданд.
Дар хилвате, ки мову ту ҳамроз мешудем,
Хомӯшиҳо таронаи машҳур мешуданд.
Мебуд шӯри дигаре дар ошиқӣ, агар
Дилҳои мо ба ошиқӣ ҳамшӯр мешуданд.
Онҳо, ки буд қасдашон дурии мову ту,
Эй кош аз ҷаҳони амал дур мешуданд.
На рӯз медиҳанд, на шаб хоб, эй хушо
Ин рӯзкӯрҳо агар шабкӯр мешуданд.
Аз ишқ мурдагон ҳама эҳё шаванд кош,
Беишқ зиндагон ҳама дар гӯр мешуданд.
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *