Гурӯҳе на саволу на ҷавобанд, – Лоик Шерали

Гурӯҳе на саволу на ҷавобанд,
Гурӯҳе на вуболу на савобанд.
Ба лофе даркушо ҳастанд, лекин
Калиди хонаи худро наёбанд.
Ба сурат ҷумла ободанду озод,
Ба ботин бингарӣ валлаҳ харобанд.
Ҳино баста ба пою вонамоянд,
Ки гӯӣ беш аз мо дар шитобанд.
Занон яксар ниқоб аз рӯ фиканданд,
Чи номардон, ки дар зери ниқобанд…
[1972]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *