Дидори ту барои ман дидори зиндагист, – Лоик Шерали

Дидори ту барои ман дидори зиндагист,
Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист.
Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Ёдат чу ёди бахт мададгори зиндагист.
Ду чашми ту бас аст, ки якумр бедареғ
Донам, ки ишқ нашъаи саршори зиндагист.
Аммо дареғи дигаре дурии мову туст, –
Дурии мову туст ё асрори зиндагист.
Мо як ниҳоли дутана-ҳамреша, дар ду боғ
Ин кори мову туст ва ё кори зиндагист?
Аз рахнае ба ҳамдигар наззора мекунем,
Зеро ки дар миёни мо девори зиндагист.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *