Гули даврони ман ишқи ту бошад.
Зи шавқат сар ба гардун судаам ман,
Раҳи кайҳони ман ишқи ту бошад.
Маро аз сад бало осон раҳонид,
Балогардони ман ишқи ту бошад.
Мани девонаро шоир ту кардӣ,
Сари девони ман ишқи ту бошад.
Агар паймонаи умрам шавад пур,
Паи паймони ман ишқи ту бошад.
Агар чун Рӯдакӣ мирам ба хорӣ,
Ба дӯш анбони ман ишқи ту бошад.
[1982]