Ҳам худоӣ бигзарад, ҳам бехудоӣ бигзарад.
Ҳар касе бифрӯхт моро, ман надонам чӣ харид?
Бебаҳоӣ бигзарад, арзонбаҳоӣ бигзарад.
Дилхарошиҳои ҳусни бенамакро дидаем,
Дилхарошӣ бигзарад, ҳам дилрабоӣ бигзарад.
Мушкили дилро кушодему нафаҳмидем чист,
Дилкушоӣ бигзарад, мушкилкушоӣ бигзарад.
Аз наво мондему бебаргу наво афтодаем,
Ҳамнавоӣ бигзарад, ҳам бенавоӣ бигзарад.
То даме сархуш будем аз мо касе боло набуд,
Худситоӣ бигзарад, ҳам худнамоӣ бигзарад.
Ҳар каси сарзиндае сад мурдаро такфин кунад,
Аз сари ҳар зиндае зиндаҷудоӣ бигзарад.
[1986]