Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро.
Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае,
Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро.
Накошта қаламчае қалам-қалам ҳамекунад
Ба дасти сад табарзане дарахти пурҷавонаро.
Зи ҷаҳл найза мекашад ба теғи чашми офтоб,
Ба байза ҳабс мекунад ҳумои ошёнаро.
Ба номи халқ кушта шуд умеду ормони халқ,
Зи номи халқ бофта ҳазору як баҳонаро.
Чу зодбуми он яке деҳест мисли чашми бум,
Ба чашми бум бингарад ҷаҳони бекаронаро.
Яке сафолпорае ба хумми зар расидааст,
Яке зуғолпорае гирифта сад хазонаро.
Ман аз талеъаи саҳар паёмоварам, вале
Замони ман намехарад талеъаи замонаро.
Ало, замони мунҷамид, ту дасти кам халал мадеҳ
Мани ба сӯи ҷовидон ба лаб ғазал равонаро…
28.01.1996