Мо ҳам зи дарди ишқ даме н-орамидаем.
То бо бисоти хотири ёр ошно шавем,
Эй бас зи хеш рафтаву аз худ рамидаем.
Гар дигарон ба манзили мансаб расидаанд,
Мо ҳам ба қадри бӯсаи ёре расидаем.
Ноқобилон чу аз паи рӯзӣ давидаанд,
Мо ҳам ба ҷои ваъдаи моҳе давидаем.
Гул чидаанд мардумон ё хӯша чидаанд,
Мо аз замини умр фақат бӯса чидаем.
З-он пештар, ки аз тапиш монад дили бузург,
Андар канори дилбаре бехуд тапидаем.
Мақсуд аз ҳаёт агар умр дидан аст,
Хуш умр дидаем, ки дидор дидаем…
[1982]