Навбахтиву навшодӣ, навхона муборак бод! – Лоик Шерали

Навбахтиву навшодӣ, навхона муборак бод!
Ин толеи фирӯзу фарзона муборак бод!
Аз бахти ҷавон шоду аз давлати ишқ обод,
Ин ҷони ҷавонатро ҷонона муборак бод!
Имшаб ту шаҳӣ, оваҳ, паҳлӯи маҳӣ, оваҳ,
Бахти ту дар ин тахти шоҳона муборак бод!
То чашми замон бар ту ҳар дам нигарад некӯ,
Ин наргиси шаҳлои фаттона муборак бод!
Ин ҳури паривашро бирбудаӣ з-афсона
Умри ту дар оғӯши афсона муборак бод!
Якбахт шаву якдил, яклахт шаву якрӯ
То баҳри ту ин дурри якдона муборак бод!
Соқӣ ба шумо хоҳад паймонаи умри пур,
Андар кафи соқӣ ҳам паймона муборак бод!
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *