Ними умрам дар ғами сарвода рафт, – Лоик Шерали

Ними умрам дар ғами сарвода рафт,
Ними дигар дар ғами дилдода рафт.
Қисмате аз содагӣ дар хурду хоб,
Қисмате дар ёди ҳусни сода рафт.
Порае дар навбату дар интизор,
Порае бераҳбару беҷода рафт.
Қитъае дар маҷлису баҳси абас,
Қитъае бо ман ба раҳ афтода рафт.
Киштаи умрам агар барбод шуд,
Киштии умрам ба баҳри бода рафт.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *