Сар бибозам ба сарафрохтагон, – Лоик Шерали

Сар бибозам ба сарафрохтагон,
Ошиқам бо дили дилбохтагон;
Ошиқи ҷумлаи оташбозон –
Умрҳо сӯхтаву сохтагон.
Ошиқи он ҳама беханҷару теғ
Хуб шамшери сухан охтагон.
Ошиқи он ҳама андар раҳи умр
Қадри мардонагӣ бишнохтагон.
Ошиқи ҷумла пиёда зи ҳама
Як қадам пештаре тохтагон.
[1972]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *