Туро дубора наҷустам, хато хатои ман аст – Лоик Шерали

Туро дубора наҷустам, хато хатои ман аст
Маломати ҳама дунё сазо сазои ман аст.
Ту будӣ бахти ману бахтро раҳо кардам,
Шудам ба бахти ту зомин, ҷафо ҷафои ман аст.
Ба худ намерасам акнун, ки аз ту бибридам,
Намерасам ба муроде, бало балои ман аст.
Зи ҷанги ақлу дилу чашм дар бало мондам,
Ки ҳар кадом адуи ҷудо-ҷудои ман аст.
Кунун ба марги муҳаббат нишинаму гирям,
Қазо қазои ман асту азо азои ман аст.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *