Илоҳо, беаҷал мирад, касе дорад мағалбозӣ.
Бихобад зуд дар тобут он баттол, к-аз кӯрӣ
Ғазалсозии моро дида, пиндорад дағалбозӣ.
Дар ин дори амал ҳар кас, ки бошад омили ваҳшат,
Ба заҳроби алам жӯлад зи меҳроби амалбозӣ.
Сари роҳи бузургонро касе ғав бандаду гирад,
Кунад як рӯз ё шаб бо сари худ филмасал бозӣ.
Касе, ки қадри ишқу ишқбозиро намедонад,
Кунад ҳар лаҳза бо ифритаи кӯи аҷал бозӣ!
[1986]