Ҷамоли ғунча надидӣ, баҳор омаду рафт, – Лоик Шерали

Ҷамоли ғунча надидӣ, баҳор омаду рафт,
Гуле ба даст начидӣ, баҳор омаду рафт.
Чӣ кӯҳзодаӣ, дар домани биҳиштии кӯҳ
Зи домане накашидӣ, баҳор омаду рафт.
Расид мавсими дидору гул ба гул печид,
Ба хештан нарасидӣ, баҳор омаду рафт.
Сабо гузашт зи паҳлӯт бо ҳазорон бӯй,
Ту бӯе ҳам нашунидӣ, баҳор омаду рафт.
Бисоти сабза намояд суботи зебоӣ
Ту лаззате начашидӣ, баҳор омаду рафт.
Чи хандаҳои гулафшони бӯстонҳо буд,
Надидиву нашунидӣ, баҳор омаду рафт.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *