Шишаи мо санги хоро бишканад, – Лоик Шерали

Шишаи мо санги хоро бишканад,
Хомии мо пухтаҳоро бишканад.
Ончунон сангинмизоҷу муҳкамем,
Кӯзаи мо санги дарё бишканад.
Он қадар соғар шикастем аз алам,
То тилисми як муаммо бишканад.
Сад дилу сад дасту по бишкастаем
То ки садди роҳи фардо бишканад.
Мо аз он майдонғарибон нестем,
Ки дили мо бетақозо бишканад.
Гардани гардуни гардон бишканем,
Пеш аз он, ки гардани мо бишканад!
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *