Мисли Ҳавою Одам ман бошаму ту бошӣ.
По дар гили ғами дил, сарсони олами дил,
Озод аз дигар ғам – ман бошаму ту бошӣ.
Хуршед чун барояд теғи нигаҳ кашида,
Борон кунад чу нам-нам, ман бошаму ту бошӣ.
Дар рӯ ба рӯи дунё, дил ташнаи ҳавасҳо
На беш аз ину на кам ман бошаму ту бошӣ.
Як дам зи умри олам қисмат шудаст моро,
Бедарди сар як ин дам ман бошаму ту бошӣ.
[1982]