Як рӯз дар ҷаҳони дил эъҷоз мекунам, – Лоик Шерали

Як рӯз дар ҷаҳони дил эъҷоз мекунам,
Як рӯз бо ту ишқи нав оғоз мекунам.
Як дар агарчи баста шуд, сад дар кушода аст,
Бо ту дари муҳаббатамро боз мекунам.
Бе ту ба ҳар шикаст биҷӯям илоҷу лек
Бо ту дили шикастаамро соз мекунам.
Овози ман ба кӯҳҳо бархурду бозгашт,
З-ин пас фақат ба сӯи ту овоз мекунам.
То остони ту бувад аз осмон баланд,
Бо боли ишқ сӯи ту парвоз мекунам.
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *