ГӮРИ ДОНИШ ДАР КУҶОСТ – Лоик Шерали

ГӮРИ ДОНИШ ДАР КУҶОСТ

Эй шумо, маъмуру маъзурони торихи Бухоро,
Балки, эй кӯрони торихи Бухоро,
Дар куҷо буд гӯри Дониш?
Дар куҷо хусбида ором он сари пуршӯри Дониш,
В-он дили ранҷури Дониш?

Дар Бухорое, ки ашрофаш кунун,
Балки раҳгумзодагонаш бефунун,
Ҳам сатарванзодагонаш бо ҷунун,
Иддае чун аз забони хеш маҳруманд,
То куҷо дар ёди махдуманд?
Дар Бухорое, ки тоҷик хешро гум кардааст,
То куҷо ёде зи Дониш бурдааст?

Дар Бухоро
Гӯӣ бо илқои Шӯро
Чанд беторих торихи самоӣ сохтанд
Бо гадоӣ сохтанд,
Гӯри Донишро билохир гӯри дониш сохтанд,
Бо чӣ нозиш сохтанд!
Охирин гӯре барои фитрату фарҳанги тоҷик…
Охирин?
Эй худовандони ному нанги тоҷик!
Тоҷик ар гум кард ин ҷо гӯри Дониш
Ҳамзамон гум кард ӯ бо гӯри дониш нури дониш,
Дур монд аз ганҷу аз ганҷури дониш…
Ҳайф, ҳайфи тӯшаҳо аз роҳҳои дури Торих!
Дод, дод аз дидаҳои кӯри Торих!
Дод, аз он торихсозоне, ки он вақт,
Дод, аз он худношиносоне, ки он вақт
Бар сари торих гуфтӣ бар сари як фарди аксулинқилоб
Рехтанд оташ, рехтанд об…

Ин замон андар Бухорои шариф
Худшиносон худфидоӣ мекунанд,
Нохудогоҳон худоӣ мекунанд.
Он Бухоро,
Он қадамгоҳи бузургон
Шуд адамгоҳи бузургон…

18.10.1988

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *