ПАХТАЧИНИ ПИР – Лоик Шерали

ПАХТАЧИНИ ПИР

Дар миёни раддаҳои пахта бо қадди дуто
Саҷда меорад заминро ҳамчу даргоҳи худо.

Кӯзаи пушташ ба сӯи осмони кӯзапушт
Пахта мечинад ба ду дастони шахшӯлу дурушт.

Ранг бигрифтаст аз риши сафедаш пахтазор
Нур бигрифтаст аз дидори ӯ майдони кор.

Чашмҳои хира, дасти раъшадорашро нигар,
Бо ҳама заъф он ҳамият, нангу орашро нигар.

Саҷда меорад заминро бо умеди вопасин,
То варо бар дӯши худ сарбор нашморад замин.

Саҷда меорад заминро ҳамчу даргоҳи бақо,
Ҳамчу даргоҳи сафо ё ҳамчу даргоҳи сахо.

Саҷда меорад агарчи худ бувад ҷони замин,
То бидорад сахттар чанде зи домони замин.

Пахта чидан баҳри ӯ як дам тасаллои дил аст,
Саҷда кардан бар замин арзи таваллои дил аст.

Хам шуда гӯяд зи номи пирӣ бар гӯши замин –
Кам мабодо ҳеҷ касро файзи оғӯши замин.

Қомати хамгаштаи ӯ ҳар қадар хамтар шавад,
Як қадар бори ғами пирии ӯ камтар шавад…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *