Паридӣ то ба гардунҳо
Даридӣ пардаҳои рози кайҳонро.
Чунон бебок байни нуриён гаштӣ,
Ки худ як ахтаре андар миёни ахтарон гаштӣ.
Расидӣ то фалакҳо,
Гӯӣ як ҷузви фалак гаштӣ.
Шудӣ сарқофила бар корвони осмонпаймо,
Ки гӯӣ то абад андар фазо парвоз месозӣ,
Ки гӯӣ ҳар нафас парвози нав оғоз месозӣ.
Ту бигзаштӣ замину осмонҳоро,
Ту бигзаштӣ замонҳоро, ҷаҳонҳоро.
Гузаштӣ аз фазои бекарон аввал,
Гузаштӣ, осафо, аз хештан охир…
Қадам мондӣ басо кам дар замин,
Аммо
Самовӣ гаштию андар само мондӣ.
Чи умри кӯтаҳе дидӣ,
Ки парвози дарозе дошт,
То кайҳонкушо мондӣ.
Ту фарзанди замин будӣ,
Ки фарзанди нахусти осмон гаштӣ.
Ту будӣ тифли як модар,
Ки фарзанди тамоми модарон гаштӣ.
Ту тифли орзу будӣ,
Ки акнун орзуи сад ҷаҳон гаштӣ.
Барои мо, ки ҳамдаврону ҳамсоли туем,
Барои мо, ки ҳамболи туем,
Ҳамин як орзу кофист:
Ба ёди шуълаи лабханди ту,
На танҳо то инони осмони пурмуаммо,
Балки бо он боли меросии рӯҳи ту
Парем эй кошкӣ то ту,
Парем эй кошки то ахтари тобандаи ту…
[1975]