Дар ин замини меҳнат, дар ин замони меҳнат
Табрик гӯямат ман, эй қаҳрамони меҳнат!
Аз чор фасли меҳнат як панҷгӯша ахтар
Афтод рӯи синат чун армуғони меҳнат.
Афтод ин ситора на з-осмони боло,
Афтод ин ситора аз осмони меҳнат.
Аз одамӣ нишоне ҷуз нақши дасти ӯ нест,
Дорад ҷаҳон бақое худ аз нишони меҳнат.
Инсон фалакситон шуд бо дасти достонсоз,
Шуд достонӣ Рустам аз достони меҳнат.
Донад забони роҳат ҳар марди кор чун ту
Аз обила бихонад сабку забони меҳнат.
Ожанги рӯ бигӯяд аз нанги сурхрӯӣ,
Хушкии лаб бигӯяд аз хушкнони меҳнат.
Хоби ҳаром гӯянд нони ҳалол худ чист,
Дарди миён бигӯяд дарди ниҳони меҳнат.
Чун ту баҳою қадри нони тамом донад
Ҳар кас, ки хурда бошад як реза нони меҳнат.
Андешааш сабук не, кораш сабуксарӣ не,
Ҳар кас кашида бошад бори гарони меҳнат.
Дунё, ки нотамом аст, инсон ҳанӯз хом аст,
То пухта гардад инсон, дунёст кони меҳнат.
Дар осмони ҳафтум ҷовид ҷо бигирад
Ҳар кас ҷабин бисуда дар остони меҳнат.
Рӯзу шабон нахуфтӣ, бо хок роз гуфтӣ
Будӣ қарини мардум, соҳибқирони меҳнат.
Дар зодгоҳи шахсат ҳайкал ниҳанд, аммо
Ҳайкал бишав ба халқат чун қадрдони меҳнат.
Ҳам боз умедворам дар ёди халқ монӣ
Чун қаҳрамони миллат, эй қаҳрамони меҳнат!
1982