Биё дар чеҳраи беобу рангу равғанат мирам
Биё дар хандаҳои бефанат мирам,
Биё дар чашмҳои равшанат мирам!
Чи шоми тирарӯзе буд, шоме ки ба сар бурдам,
Ва дар чанголи хунолудаи кобус
Зи теғи ҳамнажоди хештан мурдам.
Маро куштанд,
Маро дар хуни ман бо ифтихори хоса оғуштанд.
Сипас рафтанд сӯи издиҳоми халқ,
То хонанд худро қаҳрамони покноми халқ…
Чу сар бардоштам аз бистари кобус
Танам бетоб меларзид,
Паси шиша назар кардам
Зи шарми ҳамнажоди ман
Ба гардун қурсаи маҳтоб меларзид.
Чӣ мегӯӣ,
Ба чашмам ҷумла хушку об меларзид.
Такондам маргро аз хештан,
Кобусро рондам.
Яке дидам, ки ту меомадӣ аз хонаи хуршед.
Ба дастат соғаре аз бодаи мастонаи хуршед.
Туро гуфтам:
Маро куштанд!
Хандидию рақсидӣ.
Туро гуфтам:
Маро куштанд!
Маро оғӯш бигрифтиву бӯсидӣ.
Ало, субҳи ҳумоюнфар,
Маро он беҳ,
Ки то аз теғи дасти душманат мирам,
Биё, дар доманат мирам,
Биё, дар доманат мирам!
4.12.1997