(Дар сари гӯр)
Чашми бахтат кӯр гашта,
ҷойгоҳат гӯр гашта,
Хонадон мотамсарову
хокдон маъмур гашта.
Водареғи рӯзгорат,
Водареғи эътиборат,
Водареғи чашми чорат,
Водареғо, водареғ…
Хонаи ту дар надорад,
саргузаштат сар надорад,
Он дили ғамошноят
ғамгусоре ғайри хоки тар надорад.
Водареғо аз ҷавонӣ,
Водареғ аз комронӣ,
Водареғ аз зиндагонӣ,
Водареғо, водареғ…
Рӯи гӯрат ҳар баҳорон
Аз сиришки чашми ёрон
Сабза рӯяд то бигӯяд:
Водареғ аз рӯзгорон…
Водареғи чашми бино,
Водареғи рӯи зебо,
Водареғи меҳри дунё,
Водареғо, водареғ…
[1989]