Мо кӯдакем, кӯдаки нодону содаем,
Бо зочаҳои дигаре мо дил ниҳодаем.
Акнун ба зери осмон дар роҳи орзу
Сад осмони дигаре дар худ кушодаем,
Он аспҳои чӯбию таппончаю камон
Акнун барои мо ҳама бисёр содаанд.
Он зочаи арӯсаку домоди сохта
Бо ҳамдигар зи ростӣ қавле надодаанд.
Шамшерҳои чӯбии ман сӯхт дар танӯр,
Ҳам он сипар, ки доштам, сарпӯши дег шуд,
Тарки “силоҳ” кардаву болиғ шудем мо,
Аз “ҷангҳо” раҳо шуда, ҷустем роҳи худ.
Он “хонае”, ки сохтем овони баччагӣ
Аз регҳои соҳилу сарҳавзи боғҳо,
Имрӯз хонадони мо гунҷида андар ӯ,
Имрӯз равшан аст зи чашму чароғҳо.
Аммо ҳанӯз кӯдаки нодону содаем,
Бо зочаҳои дигаре мо дил ниҳодаем.
Он зочаҳои тифлиро бо сад намуди нав
Дар зиндагии хештан мо ҷой додаем.
Мо кӯдакем бо ҳама ақлу закои хеш
Бозичаҳои нав ба нав эҷод мекунем.
Бо шаклҳову рамзҳо худро фирефта,
Мо зиндагии хешро обод мекунем.
Бозичаҳои кӯдакӣ зеботаранд, лек
Танҳо барои кӯдакон даркор мешаванд.
Бозичаҳои кӯдакӣ дар рӯзгори мо
Бо шаклу номҳои нав такрор мешаванд…
[1971]