ШИКАСТАБАНД – Лоик Шерали

ШИКАСТАБАНД

Падари ман шикастабанде буд,
дипломе надошт,
аммо чу беморе
пешаш меомад,
паи ташхиси дард
чашмонашро мепӯшид,
ҷои дардро мепалмосид
бо нӯки ангуштонаш –
гӯӣ чашми пӯшидааш
ва сари ангуштонаш
ренген буданд.

Падари ман шикастабанде буд.
Пошикастаҳо,
дастшикастаҳо
гарданшикастаҳо,
пеши ӯ меомаданд,
ҳамаро мебаст,
даво мекард.
Одамон боз
роҳ мерафтанд,
кор мерафтанд,
мехурданд,
мехуфтанд,
Аммо на ӯро,
худоро
шукр мегуфтанд.

Падари ман шикастабанде буд.
Одамон
бо охуракҳо,
белакҳо,
дандаҳо,
иштолингҳо,
қалами пову дастҳо,
оринҷҳо
ва ангуштҳои шикаста
ё баромада
ва ё латхурда
пеши ӯ меомаданд,
ҳамаро мебаст,
даво мекард.
Одамон боз
роҳ мерафтанд,
кор мерафтанд,
мехурданд,
мехуфтанд,
аммо на ӯро,
худоро
шукр мегуфтанд.

Падари ман шикастабанде буд.
Говҳо,
аспҳо
(бубахшед!)
харҳо,
сагҳо,
пишакҳо
бо аҷзои шикаста
пеши ӯ меомаданд.
Ҳамаро мебаст,
даво мекард.
Говҳо боз
пода мерафтанд.
Аспҳо боз
галла мерафтанд
мехурданд,
мехуфтанд,
аммо на ӯро,
худоро
шукр мегуфтанд.

Падари ман шикастабанде буд.
Аз гиёҳҳои кӯҳистон,
аз алафҳои давоӣ
маъҷунҳое месохт;
кулбае дошт
дар гӯшаи ҳаёт
чун шифохона.
Одамон
бо чашмҳои кафида,
пӯстҳои дарида,
рагҳои варамида,
сарҳои шикаста,
пайвандҳои гусаста
хунҳои баста
захмҳои дарункӯб,
захмҳои носур,
захмҳои кӯр
ва ё намоён
пеши ӯ меомаданд.
Илоҷ меҷуст,
чора мекард.
Одамон боз
роҳ мерафтанд,
кор мерафтанд,
мехурданд,
мехуфтанд,
аммо на ӯро,
худоро
шукр мегуфтанд.

Падари ман шикастабанде буд.
Мардуми як водӣ –
аз сардара
то подара
падархонд,
модархонд,
додархонд,
хоҳархондаш буданд.
аммо як рӯз –
рӯзи зӯромад
дили ӯ
аз одаму олам
худ ба худ шикаст.
Дасту пои ҳамаро баста,
худ гузашт аз дунё
бо дили шикаста…

Падари ман шикастабанде буд…

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *