Бо қаҳқаҳи мастонаю бо шеъру тарона,
Бо рӯҳияи ғолибу ошӯбгарона,
Бо тантанаи ақл карон то ба карона,
Чун рӯд ба сад ғулғула бигзашт ҷавонӣ,
Чун раъд ба сад валвала бигзашт ҷавонӣ.
Раҳ сохт, раҳ омӯхт, хато кард, хато сӯхт,
Дил бурд, дил овард, дил омӯхт, дил афрӯхт,
Аз рафтаву аз омада бас таҷриба андӯхт,
Мушкил зи ҳама мушкила бигзашт ҷавонӣ,
Масъули ҳама масъала бигзашт ҷавонӣ.
Саршори таманнову тақозову тараддуд,
Маъмури ҷаҳонсозию тармиму таҷаддуд,
Пурбори ҳавасҳову нафасҳои таболуд,
Пурдил зи ҳама фосила бигзашт ҷавонӣ,
Сарқофилаи қофила бигзашт ҷавонӣ.
Дар чашм уфуқҳо ба ҳама ҷозибаю ранг,
Дар дил тапиши гарми замон бо ҳама оҳанг,
Дар чеҳра нишони ҳама ганҷинаи фарҳанг
Дар сар гули сад машғала бигзашт ҷавонӣ,
Дар по гули сад обила бигзашт ҷавонӣ!
Чун ходими даври худу арбоби замонӣ,
Бо дарди замину заману дарди ҷаҳоне,
Бигзашт ҷавонию ба ҷо монд ҷавонӣ…
Беҳила зи сад марҳала бигзашт ҷавонӣ…
Пуршӯру қавиҳавсала бигзашт ҷавонӣ.
Қонунгари даврони пур аз шӯру шарар буд.
Дар даст калиди ҳама бобу ҳама дар буд,
Омода ба ҳар амри Ватан – марди сафар буд,
Рахшанда ба каф машъала бигзашт ҷавонӣ,
Аз роҳи замон бегила бигзашт ҷавонӣ…
[1974]