ҚАДРИ ШОИР – Лоик Шерали

ҚАДРИ ШОИР

Рӯзе, ки ошиқон аз ҳам ҷудо шаванд,
Рӯзе, ки зӯрҳо бемуттако шаванд,
Рӯзе, ки одамон беошно шаванд,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

Шоме, ки ахтаре сӯзад дар осмон,
Рӯзе, ки дар замин сӯзад дили ҷавон,
Ҳар гаҳ, ки одамӣ ҷӯяд зи худ нишон,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

Гирам, шикориён оянд бебарор,
Дар китфашон камон сарзер аз шикор,
Дар рӯи сахрае биншаста хоксор,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

Рӯзе, ки роҳиён дар дашти регпӯш
Бесозу барги раҳ монанд лабхамӯш
Бархонда қитъае, оянд бар хурӯш,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

Вақте ки базми дил беҷӯш мешавад,
Зебоӣ ҳар гаҳе мағшуш мешавад,
Дунёи некӯӣ фармӯш мешавад,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

Вақте ки ҷумлаи даъвогарони зӯр
Миранд бо ҳама ҳангомаю ғурур,
Хешон катибае ҷӯянду лавҳи гӯр,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

Рӯзе, ки одамӣ дарёфт қадри худ,
Ҷуст аз ҷаҳон мақом аз баҳри фарди худ.
Дарёфт аз сухан ташреҳи дарди худ,
Бар қадри шоирон он вақт мерасанд…

[1973]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *