Ба кӯи охират рафтӣ, сари кӯи ту менолам, – Лоик Шерали

Ба кӯи охират рафтӣ, сари кӯи ту менолам,
Ҳама сӯи худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯи замин холист,
Ба рӯи ин замин дар ҳасрати рӯи ту менолам.

Ду дастат бо ҳама раъша мададгори ҳаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададҷӯи ту менолам.

Чӣ суд аз кӯҳи Чилмеҳроб1 бе меҳроби абрӯят,
Ман аз маҳрумии меҳроби абрӯи ту менолам.

Зи кӯҳи Осиё гар нолаҳои обшор ояд,
Фузун аз ӯ чу фарзанди ғазалгӯи ту менолам.

Такопӯ кардӣ баҳри ман тамоми умр роҳи бахт,
Ман акнун рӯзу шаб андар такопӯи ту менолам.

Зи ман шоиртаре будӣ, ки лафзи нобам омухтӣ,
Ба ёди он ҳама алфози дилҷӯи ту менолам.

Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,
Ҳама сӯи худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

[1987]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *