ТОБИСТОНИ ВАРЗОБ – Лоик Шерали

ТОБИСТОНИ ВАРЗОБ

Дар буни ҳар бутта ҷуфти ошиқе,
Дар сари ҳар санг сар дар зонуе.
Дилбаре саргарми лофу ваъдаҳо,
Ошиқе сармасти атри гесуе.

Обшорон-кокули чилбофи ёр,
Дасти куҳсор асту банди кокуле.
Чашмаҳо чун рағбати навошиқон
Мекунад дар синаи куҳ ғулғуле.

Мебарад амвоҷи беороми рӯд
Ваъдаҳои хому осонро басе.
Ваъдаҳои хушку қавли бесубот
Меравад бар об монанди хасе.

Зери ҳар санге, ки бардорӣ, бубин
Сад ҳазорон илтимосу илтиҷост,
Сад ҳазорон лобаву нозу ниёз,
Сад ҳазорон нолаҳои бесадост.

Дар тани ҳар санг номи ошиқон
Чун ситора дар назар тобон бувад.
Номашон дар сангҳо гул бастааст,
Розашон лек аз назар пинҳон бувад.

Ҳар маҳал, ки буда меъоди ду дил,
Ёдгораш шишаи бишкастаест.
Сабзаву гул пойкӯби шавқу шӯр –
Шавқу шӯри ду тани дилбастаест.

Рӯд сармасти такопӯи худ аст
“Меравад пуршӯру бе такрорҳо”
Баски ин сон ошиқу ноошиқон,
Дар ду соҳил дида ӯ бисёрҳо…

Меравад то даштҳо маҷнунсифат –
Даргурез аз ҳабси соҳилҳои хеш,
Гар ҳама доранд савдое ба сар,
Ҳаст ӯро ҳам сару савдои хеш…

[1974]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *