ГАРДАНАИ АНЗОБ – Лоик Шерали

ГАРДАНАИ АНЗОБ

Дар фарози ағбаи Анзоб биншастам даме чанд,
Ёд кардам одаме чанд, оламе чанд.

Ёд кардам он касонеро, ки дар пастӣ баланданд,
Ҳам касонеро, ки бо сад камбаҳоӣ арҷманданд.

Ёд кардам ҳиммати халқи бузургамро, ки буда
Сахтҷонтар аз тамоми халқҳои озмуда.

Ёд кардам модарамро, модари бечораамро,
Бештар аз пешво бардошта сарбораамро.

Ёд кардам аз падар,
Аз решаю бунёди хеш,
Зинда кардам мурдагонро боз ҳам дар ёди хеш.

Мурдагон дар ин баландӣ аз гиребонам гирифтанд,
Хокро бар сар заданду боз зери хок хуфтанд.

Ёд кардам мурдагонеро, ки дар ман зиндаанд,
Зиндатар аз зиндагоне, ки зи ман дил кандаанд…

Ёд кардам з-он баландиҳо, ки моро офарида,
Лек подоше надида…

Ёд кардам з-он баландиҳо, ки моро зода, аммо
Дар хиҷолат монда аз мо…

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *