Кист аз ҷаҳд ба он анҷумани ноз расад? Сурма гардем, магар то ба ту овоз расад. Дархӯри ғафлати мо даъвии пайдоии мост, Ҳама маҳвем, ки ойина ба пардоз расад. Ҳазар, эй шамъ, зи ташвиши забонороӣ,
Ки мабодо сари ҳарфат ба лаби гоз расад. Мову ман ойинадори ду ҷаҳон расвоист, Ҳастӣ он айб надорад, ки ба ғаммоз расад. Сайри ҷайб аз нафаси шамъ арақ мерезад, Яъне об аст, навое, ки ба ин соз расад. Домаии фурсати ҳар чиз, ки дорӣ, магзор, Мижаву ашк маҳол аст ба ҳам боз расад. Ҳашри оташ ҳама ҷо ойинаи сӯхтан аст,
Оҳ, аз анҷоми ғуруре, ки ба оғоз расад. Ҳастиям нестиангоштанӣ мехоҳад,
В-арна он ранг надорам, ки ба парвоз расад. Хоксорӣ асари чуну чарое бандад,
Аҷз бар ҳар чи занад, сурма ба овоз расад. Муддаӣ, даргузар аз даъвии тарзи Бедил, Сеҳр мушкил, ки ба кайфияти эъҷоз расад.
РУБОИИ 16
Ин дашт зи ҷаҳд корвонҳо дорад,
Аз кӯшиши раҳравон нишонҳо дорад. Якбора наметавон расидан ба камол,
То бадр ҳилол нардбонҳо дорад.