Ғазали 18 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 18

Он рӯз, ки пайдоии моро асаре буд,

Дар ойинаи зарра ғубори назаре буд.

Нақше надамидем ба сад ранги тааммул, Наққоши ҳавас хомаи мӯйи камаре буд.

Гар офияте ҳаст, аз ин баҳр бурун аст,

Ғаввос надонист, ки соҳил гуҳаре буд.

Аз ҷуръати парвоз ба ҷое нарасидем, Ҷамъияги беболупарӣ болу паре буд.

То шавқ кашад маҳмили фурсат, мижа бастам, Дар бори шарар шӯхии барқи назаре буд. Нагзошт фалак бо ту муқобил дили моро, Фарёд, ки ойина ба дасти дигаре буд.

Рӯзе, ки гузаштӣ зи сари хоки шаҳидон,

Ҳар гард, ки дар пойи ту афтод, саре буд.

Охир зи худам бурд ба роҳи ту нишастан, Осудагии шуъла камини сафаре буд.

Дил куштаи яктоии ҳусн аст, вагарна Дар пеши ту ойина шикастан ҳунаре буд. Бедил, ба таманнокадаи арзи ҳавасҳо Аз дил ду ҷаҳон шӯру зи мо гӯши каре буд.

РУБОИИ 18

Аз тафриқа то тавон гулистон гардид,

Беҳуда чу гунча ҷамъ натвон гардид.

Аз қайди ҳавас барову озод пишин,

Саҳрост ғуборе, ки парешон гардид.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *