Ғазали 27 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 27

То кай афсурдан? Даме аз фикри худ вораста бош, Сар бурун ор аз гиребон, маънии барҷаста бош.

Гар надорӣ ҷуръати аз хонумон барҳам задан,

Ҳамчу май хун дар ҷигар з-ин шишаи бишкаста бош. То бифаҳмӣ рабти истеъдоди ҳастиву адам,

3-ин ду мисраъ дур магзар, андаке пайваста бош.

Рӯзӣ ин ҷо дархӯри кому даҳан омода аст,

Маҳрами минқори сози он ниҳоли ниста бош.

Азми содиқ мераҳонад чун наят аз банди табъ,

Шояд аз пастӣ бурун оӣ, камар мебаста бош.

Дахли беҷоят зи дарди аҳли маънӣ гофил аст,

Нохуне то ҳаст, дур аз синаҳои хаста бош.

Чанд бошӣ аз фаромӯшони айёми висол?

Рангҳои рафта ёдат медиҳам, гулдаста бош.

Хостам аз дил бурун орам ғубори ҳасрате,

То ба лаб омад, нафас хун гашту гуфт: «Оҳиста бош!» Аз иқомат шарм дорад, Бедил, истсъдоди шамъ,

Ҳар қадар бошӣ дар ин маҳфил, зи по наншаста бош!

РУБОИИ 27

Эй шавқи ту дар касби фунун гармталош, Чандон ҳавасомодаи ҳар нусха мабош.

Дар сайри рубоиёти Бедил муфт аст Дарду ибрат, сулуку таҳқиқу маош.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *