Аз Он Мақом Ки Набвад Кушод Зуд Гузар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аз он мақом, ки набвад кушод, зуд гузар,
Бирав ба сӯйи харидори хеш ҳамчун зар!
Дарахт агар мутаҳаррик шудӣ зи ҷой ба ҷо,
На ранҷи арра кашидӣ, на захмҳои табар!
Замон чу ҳокими тусту макон чу маъбари ту,
Макони нек гузину замон накӯ бингар!
Чунон шавӣ, ки макону замону аҳли замон
Дигар натонад кардан ба фиъл дар ту асар!
Ту тира гардӣ аз шаб чу ойнай гардун,
На зардрӯйи хазон гардӣ аз ҳаво чу шаҷар!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *