Ай Дил Зи Шоҳи Ҳурон Ё Қиблаи Сабурон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай дил, зи шоҳи ҳурон ё қиблаи сабурон
Кун шукр бо шакурон, ту фитнаро машӯрон!
Ман марди фитнаҷӯям, ман тарки ин нагӯям,
Ман даст аз ӯ нашӯям, ту фитнаро машӯрон!
Сархайли бедилонам, устоди манбалонам,
Ман ошиқи фалонам, ту фитнаро машӯрон!
Аз ман мапурс чунам, мебин, ки ғарқи хунам,
Ин ҳам наям, фузунам, ту фитнаро машӯрон!
Ман Рустамам ва рӯҳам, тӯфони қавми Нӯҳам,
Сармасти он сабӯҳам, ту фитнаро машӯрон!
Ту нақшро нахонӣ, зеро дар ин ҷаҳонӣ,
То ин қадар бидонӣ, ту фитнаро машӯрон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *