Ай Қавми Баҳаҷрафта Куҷоед Куҷоед – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед!
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!
Маъшуқи ту ҳамсояи деворбадевор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?!
Гар сурати бесурати маъшуқ бибинед:
Ҳам хоҷаву ҳам хонаву ҳам Каъба шумоед!
Даҳ бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,
Як бор аз ин хона бар ин бом бароед!
Он хона латиф аст, нишонҳо-ш бигуфтед,
Аз хонаи он хоҷа нишоне бинамоед!
Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед?!
Як гавҳари ҷон ку, агар аз баҳри Худоед?!
Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо бод,
Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *