Ай Рӯйи Маҳи Ту Шод Хандон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай рӯйи маҳи ту шод, хандон,
Он рӯй ҳамеша бод хандон!
Он моҳ зи ҳеч кас назодаст
В-ар з-он ки бизод, зод хандон!
Ай Юсуфи юсуфон нишастӣ
Дар маснади адлу дод хандон!
Он дар, ки ҳамеша баста будӣ,
Во шуд зи ту бо кушод хандон!
Ай оби ҳаёт, чун расидӣ,
Шуд оташу хоку бод хандон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *