Ай Хоҷа Намебинӣ Ин Рӯзи Қиёматро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай хоҷа, намебинӣ ин рӯзи қиёматро,
Ин Юсуфи хубиро, ин хушқаду қоматро?!
Ай шайх, намебахшӣ ин гавҳари шайхиро,
Ин шаъшаи навро, ин ҷоҳу ҷалолатро?!
Ай мир, намебинӣ ин мамлакати ҷонро,
Ин равзаи давлатро, ин тахту саъодатро?!
Ай хушдилу хушдоман, девона туйӣ ё ман?
Даркаш қадаҳе бо ман, бигзор маломатро!
Ай моҳ, ки дар гирдаш ҳаргиз нашавӣ лоғар,
Анвори ҷалоли ту бидрида ҷалолатро!
Чун оби равон дидӣ, бигзор таяммумро,
Чун иди висол омад, бигзор риёзатро!
Гар ноз кунӣ, хомӣ, в-ар ноз кашӣ, ромӣ,
Дар боркашӣ ёбӣ он ҳусну малоҳатро!
Хомӯш, ки хомӯшӣ биҳтар зи асалнӯшӣ,
Дарсӯз иборатро, бигзор ишоратро!
Шасулҳақи Табрезӣ, ай машриқи ту ҷонҳо,
Аз тобиши ту ёбад ин шамс ҳароратро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *