Ба Ҳаққи Чашми Хумори Латифи Тобонат – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба ҳаққи чашми хумори латифи тобонат,
Ба ҳалқа – ҳалқаи он турраи парешонат!
Бад-он ҳаловати бемарру тунгҳои шакар,
Ки таъбия – ст дар он лаъли шаккарафшонат!
Ба каҳрабое, к- андар ду лаъли ту дарҷ аст,
Ки гашт аз он маҳу хуршеду зарра ҷӯёнат!
Ба ҳаққи ғунчаву гулҳои лаъли рӯҳонӣ,
Ки доми булбули ақл аст дар гулистонат!
Ба оби ҳусну ба тоби ҷамоли ҷонпарвар,
К-аз он кушод даҳонро анори хандонат!
Бад-он ҷамоли илоҳӣ, ки қиблаи дилҳост,
Ки дам ба дам зи тараб саҷда мебарад ҷонат!
Ту Юсуфиву туро муъҷизот бисёр аст,
Вале бас аст худ он рӯйи хуб бурҳонат!
Чи ҷойи Юсуф, бас юсуфон асири туанд,
Худойи азза ва ҷал кай диҳад бад – эшонат?!
Зи ҳар гиёҳу зи ҳар барг рӯядӣ наргис,
Барои диданат ар ҷо будӣ, ба бустон аст!
Чу сӯхт з-оташи ишқи ту ҷони гармравон,
Куҷо диҳад шаҳи сирдон ба дасти сардонат?!
Шуъои рӯйи ту пӯшида кард сурати ту,
Ки ғарқа кард чу хуршед нури субҳонат!
Ҳазор сурат ҳар дам зи нури хуршедат
Барояд аз дили поку намояд иҳсонат!
Даруни хеш агар хоҳадат дили нопок,
Зи аблаҳиву харӣ мекашад ба зиндонат!
На ҳеч оқил бифребадат ба ҳилати ақл,
На пойбанд кунад ҷоҳи ҳеч султонат!
Туро, ки дар ду ҷаҳон менагунҷӣ аз азамат,
Абӯҳурайра гумон чун барад дар анбонат?!
Ба ҳар ғазал, ки сароям туро зи пардаи шиър,
Дилам зи парда ситонад ҳазор чандонат!
Дилам кӣ бошаду ман кистам, ситойиш чист?!
Валек ҷонро гулшан кунам ба райҳонат!
Биё ту – мафхари офоқ, Шамси Табрезӣ,
Ки ту ғариб маҳиву ғариб арконат!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *