Ба Шоҳи Ниҳонӣ Расидӣ Ки Нӯшат – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба шоҳи ниҳонӣ расидӣ, ки нӯшат,
Майи осмонӣ чашидӣ, ки нӯшат!
Нигори Хутанро, ҳаёти чаманро
Миёни гулистон кашидӣ, ки нӯшат!
Аё ҷони дилбар, аё ҷумла шаккар,
Чи моҳӣ, чи шоҳӣ, чи идӣ, ки нӯшат!
Зи мастон саломат, зи риндон паёмат,
Ки қуфли тарабро калидӣ, ки нӯшат!
Дило хуш гузидӣ ғами Шамси Табрез,
Гузидай касеро гузидӣ, ки нӯшат!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *