Зи гӯшу чашмҳо пинҳон бигӯем!
Чу гулшан бе лабу дандон бихандем,
Чу фикрат бе лабу дандон бигӯем!
Ба сони ақли аввал сирри олам,
Даҳон барбаста, то поён бигӯем!
Сухандонон чу мушриф бар даҳонанд,
Бурун аз хиргаҳи эшон бигӯем!
Касе бо худ сухан пайдо нагӯяд,
Агар ҷумла якем, он сон бигӯем!
Бидонад дасту по аз ҷунбиши дил,
Даҳон сокин, дил ҷунбон бигӯем!
Бидонад зарра-зарра амри тақдир,
Агар хоҳӣ, мисоли он бигӯем!