Бирафтам Дӣ Ба Пешаш Сахт Пурҷӯш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бирафтам дӣ ба пешаш сахт пурҷӯш,
Напурсид ӯ маро, биншаст хомӯш.
Назар кардам бар ӯ, яъне ки вопурс,
Ки бе рӯйи чу моҳам чун будӣ дӯш?!
Назар андар замин мекард ёрам,
Ки яъне чун замин шав пасту беҳуш!
Бибӯсидам заминро, саҷда кардам,
Ки яъне чун заминам масту мадҳуш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *