Бишустам Тахтаи Ҳастӣ Сари Олам Намедорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бишустам тахтаи ҳастӣ, сари олам намедорам,
Даридам пардаи бечун, сари он ҳам намедорам!
Маро чун дояи қудсӣ ба шири лутф парвардаст,
Маломат кай расад дар ман, ки барги ғам намедорам?!
Чунон дар нестӣ ғарқам, ки маъшуқам ҳамегӯяд:
“Биё, бо ман даме биншин!” Сари он ҳам намедорам!
Даме, к-андар вуҷуд овард одамро ба як лаҳза,
Аз он дам низ безорам, сари он ҳам намедорам!
Чи гӯйӣ булфузулеро, ки як дам они худ набвад,
Ҳазорон бор мегӯяд, сари он ҳам намедорам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *