Боз Баҳор Мекашад Зиндагӣ Аз Баҳори Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Боз баҳор мекашад зиндагӣ аз баҳори ман,
Маҷлису базм мениҳад, то шиканад хумори ман!
Ман дили пурдилон будам, қуввати собирон будам,
Бурд ҳавои дилбарӣ ҳам дилу ҳам қарори ман!
Тунд намуд ишқи ӯ, тез шудам зи тундияш,
Гуфт: “Бирав, надидайӣ тезии Зулфиқори ман?!”.
Аз қадами дурушти ӯ нарм шудаст гарданам,
То чӣ кашад дигар аз ӯ гардани нармсори ман?!
Пухта наҷӯшад, ай санам, ҷӯш мадиҳ, ки пухтаам,
К-аз сари дег меравад то ба фалак бухори ман!
Ҳин, ки бухори хуни ман бохабар аст аз ғамат,
То набарад ба осмон рози дили низори ман!
Рӯҳ гурехт пеши ту аз тани ҳамчу дӯзахам,
Шарм бирехт пеши ту дидаи шармсори ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *