Гарчи ғалат медиҳад, нест ғалат, ӯст, ӯст!
Гоҳ хуши хуш шавад, гаҳ ҳама оташ шавад,
Таъбияҳои аҷаб ёри маро хӯст, хӯст!
Нақши вафо вай кунад, пушт ба мо кай кунад?!
Пушт надорад чу шамъ, ӯ ҳамагӣ рӯст, рӯст!
Пӯст раҳо кун чу мор, сар ту баровар зи ёр,
Мағз надорӣ магар, то кай аз ин пӯст, пӯст?!
Ҳар ки ба ҷидди тамом дар ҳаваси мост, мост!
Ҳар ки чу сели равон дар талаби ҷӯст, ҷӯст!
Аз ҳаваси ишқи ӯ боғ пур аз булбул аст,
В-аз гули рухсори ӯ мағз пур аз бӯст, бӯст!
Мафхари табрезиён Шамси Ҳақ огаҳ бувад,
К-аз ғами ишқ ин танам бар масали мӯст, мӯст!