Андак-андак хӯй аз мо боз кард!
Макрҳои душманон дар гӯш кард,
Чашми худ бар ёри дигар боз кард!
Ҳар дам аз ҷавраш дил орад нав хабар,
Ғам дили тарсандаро ғаммоз кард!
Рӯ туруш кардан бари мо пеша сохт,
Як баҳона ҷусту даст ангоз кард!
Ай дареғо рози мо бо ҳамдигар,
К-ӯ дигар касро чунин ҳамроз кард!
Ай дил, аз сар сабрро оғоз кун,
З-он ки дилбар ҷаврро оғоз кард!
Ақл гӯяд, к-ин бадандешӣ макун,
Ӯ аз они мост, бар мо ноз кард!
Медиҳад Маҳ чун Салоҳуддин зиё,
К-арғанунро Зуҳраи ҷонсоз кард!