Ё Раб Тавба Чаро Шикастам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ё Раб, тавба чаро шикастам!
В-аз луқма даҳон чаро набастам?!
Гар васваса кард гирдпечам,
Дар печиши ӯ чаро нишастам?!
Охир дидам ба ақл мавзиъ,
Сад бору ҳазор бор растам!
Аз бандагии Худо малӯлам,
Зеро ки ба ҷон гулӯпарастам!
Чун бар дили ман нишаста дуде,
Чун зуд чу гард барнаҷастам?!
Инҳо, ки набиштам аз надомат,
Он вақт набишта буд дастам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *