Ба бом чанд баройиву хонаро чи шудаст?!
Фасурда чанд нишинӣ миёни ҳастии хеш?!
Танӯри оташи ишқу забонаро чи шудаст?!
Ба гирди оташи ишқаш зи дур мегардӣ,
Агар ту нуқраи софӣ, миёнаро чи шудаст?!
Зи дурдии ғаму андеша сер чун нашавӣ,
Ҷамоли ёру шароби муғонаро чи шудаст?!
Агарчи сардвуҷудӣ – т гарм дарпечид,
Ба раҳ кунаш ба баҳона, баҳонаро чи шудаст?!
Шикоят ар зи замона кунад, бигӯ: “Ту бирав,
Замона бе ту хуш асту замонаро чӣ шудаст?!”
Дарахтвор чаро шох – шох васвасайӣ?!
Ягона бош чу беху ягонаро чи шудаст?!
Дар он Хутан, ки дар ӯ шахс ҳасту сурат нест,
Магӯ фалон чи кас асту фалонаро чи шудаст?!
Нишони ишқ шуд ин дил зи Шамси Табрезӣ,
Бибин, зи давлати ишқам нишонаро чӣ шудаст!