Имрӯз Маҳо Хеш Зи Бегона Надонем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем,
Мастем бад-он ҳад, ки раҳи хона надонем!
Дар ишқи ту аз оқилаи ақл бирастем,
Ҷуз ҳолати шӯридаи девона надонем!
Дар боғ ба ҷуз акси рухи дӯст набинем
В-аз шох ба ҷуз ҳолати мастона надонем!
Гуфтанд: “Дар ин дом яке дона ниҳодаст”,
Дар дом чунонем, ки мо дона надонем!
Имрӯз аз ин нуктаву афсона махонед,
К-афсун напазирад дилу афсона надонем!
Чун шона дар он зулф чунон рафт дили мо,
К-аз бехудӣ аз зулфи ту то шона надонем!
Бода диҳу кам пурс, ки чандум қадаҳ аст ин?
К-аз ёди ту мо бода зи паймона надонем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *