Мақоми Ноз Надорӣ Бирав Ту Ноз Макун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мақоми ноз надорӣ, бирав, ту ноз макун,
Чу мева пухта нагашт, аз дарахт боз макун!
Ба пеши қиблаи Ҳақ ҳамчу бут маё, манишин,
Намози худро аз хеш бенамоз макун!
Гаҳе ки пухта шудӣ, аз дарахт фориғ бош,
Зи гарму сард маяндешу иҳтироз макун!
Чу ҳеч хасм намонад, бирав, ба базм нишин,
Силоҳи разм бияндозу турктоз макун!
Чу софи соф баромад зи кӯра нақдаи ту,
Мадиҳ, ба кӯраи ҳар кӯрдил гузор макун!
Ҷамоли худ зи асирони ишқ ҳеч мапӯш,
Чу боғи лутфи Худойӣ, ту дар фароз макун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *